Ҳамла ба Меҳрубон Сангинов. Авбошон ӯро бо корд зада, роҳашро ба мусобиқа бастанд

Муштзани 26-солаи тоҷик ва раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе Меҳрубон Сангинов, ки солҳои охир дар Амрико машқу ҳунарнамоӣ мекунад, ҳадафи ҳамлаи авбошон қарор гирифта, ду зарбаи корд хӯрдааст.

Ҳамла рӯзи 10-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, вақте рӯй дод, ки ӯ барои хабаргирии наздиконаш ба Ватан омада буд.

Меҳрубон Сангинов баъди ин ҳамла дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ” ҷарроҳӣ шуд ва се ҳафтаи дигар таҳти табобат қарор дошт ва ҳоло дар Амрико давраи барқароршавиро аз сар мегузаронад. Гуфта мешавад, ки ин ҳамла боиси лағви набарди навбатии ӯ барои дарёфти мақоми довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи Иттиҳодияи умумии ҷаҳонии бокс (WBА) шуд. Ин набард моҳи декабри соли ҷорӣ дар Орландои Амрико баргузор мешавад.

Меҳрубон Сангиново бори охир моҳи июли соли 2022 муштзани колумбиягӣ Ҷанер Гонсалесро шикаст дода, дар рейтинги WBА аз зинаи 14 ба зинаи 9-ум баромад ва ҳаққи мубориза барои мақоми довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буд.

Мақомоти кишвар то ҳол дар мавриди ҳамла ба варзишгари тоҷик Меҳрубон Сангинов вокуниш накардаанд.

Меҳрубон Маҳмудович Сангинов 3-юми феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Боксёри касбӣ, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон. Аз соли 2017 раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе.

Номбурда аз соли 2011 дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ зери назари Мураббии шоистаи Тоҷикистон ва устоди варзиши СССР Парвиз Аҳмадов машқ мекард. Чандин бор қаҳрамони Тоҷикистон ва ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ гардида, аз соли 2016 ва асосан дар Амрико дар мусобиқаҳои бокси касбӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Моҳи сентябри соли 2017 Меҳрубон унвони қаҳрамони бокси ҷаҳон  дар байни ҷавононро тибқи фарзияи WBC ба даст овард. Моҳи январи соли 2021 Меҳрубон чемпиони WBA NABA ва тобистони соли 2022 чемпиони WBA America continental дар вазни миёна шуд. Ӯ аз моҳи феврали соли 2021 дар вазни худ дар рейтинги WBA дар байни 15 муштзани аз ҳама қавӣ ҷой гирифтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.