Ҳамсар даргузашт собиқ вазир бемор
Ҳамсари Анваршо Музаффаров, вазири собиқи молияи Тоҷикистон, аз бемории коронавирус вафот кардааст. Худи Музаффаров дар бистари беморӣ қарор доштааст. Дар ин бора рӯзи 4 июл дар Фейсбук Карамулло Одилов, ҳамсабақи Анваршо Музаффаров хабар дод.
“Сад афсӯс, ки ин бемории хатарзо ҷони боз як модари дуогӯй, ҳамсари бофавои ҳамсабақи азизи мо, собиқ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваршо Музаффаровро рабуд. Аз рӯи шунидаҳоям, ҳоҷиояи марҳум инсони хеле поксирату парҳезкор, ботақвою боимон, донандаю риоякунандаи талаботҳои Қуръони карим буданду бо дӯсти мо Анваршо Музаффаров ҳаёти якҷояи гуворою хушбахтона доштанд”, – навиштааст Карамулло Одилов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ