Ҳар сол зиёда аз 1000 муҳоҷир дар Русия мемирад. Сабабҳои марги онҳо асрорангез боқӣ мемонад

Онҳо ба умеди бурдаи нон ба Русия рафта буданд. То бо зарби ду китф заҳмат кашида, пул коркунанду ба хонаводаҳояшон бифристанд. Аммо мусбатро бубинед, ки андаруни сандуқи чӯбин ҷасадҳои хуншори онҳоро ба Ватан фиристонданд. Дареғи умри ҷаонӣ…

Ҷасади муҳоҷирон рӯзи якшанбеи 19 сентябр, тахминан соати 14:30 пайдо шуд. Онҳо дар саройе дар ҳудуди қитъаи хусусӣ буданд.

Полис зимни тафтишот муайян намуд,  ки мардони кушташуда 22 ва 48 сол доранд. Муҳоҷирон коргарони ёрирасон буданд, ки ба таъмир машғул буданд.

Сабаби пешакии марги онҳо ҷинояткорӣ нест. Тафтишот идома дорад.

Ин аввалин марги фоҷиавии зодагони тоҷик дар Русия дар охири ҳафта нест. Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти 18 сентябр дар натиҷаи ба сутуни чароғ бархурдани мошини онҳо се шаҳрванди Тоҷикистон дар маркази Новосибирск сӯхтанд.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия яке аз сарчашмаҳои асосии дастгирии зиндагии аксари оилаҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Ин кариб нисфи тамоми ахолии кобили мехнатии республика мебошад.

Дар Русия ҳар сол бо сабабҳои гуногун беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик мемиранд. Ногаҳонӣ дар ҷои кор сабаби марги аксари зодагони Тоҷикистон дар Русия боқӣ мемонад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.