Ҳарноз ғолиби озмуни «Зебосанами олам» шуд
Ғолиби озмуни “Зебосанами олам” (Мисс Вселенная)- 2021 иштирокчӣ аз Ҳиндустон Ҳарназ Каур Сандху гардид.
Мусобиқаи 70-ум дар Исроил 12 декабри соли 2021 баргузор шуда ҷамъбаст гардид. Тоҷро ба духтар барандаи соли гузаштаи ин озмун Андреа Меза аз Мексика тақдим кард. Ҳарнааз Сандху ҳунарпеша ва модели 21-сола аст. Вай сеюмин иштирокчии озмуни » Зебосанами олам » аз Ҳиндустон аст. Ӯ зодаи шаҳраки хурди Чандигар дар шимоли Ҳиндустон аст. Қаблан ғолиби озмуни “Miss Diva 2021” шуда буд.
Ҳарназ аз синни наврасӣ дар саҳна буд. Ӯ ҳоло чун “Зебосанами олам” дар Ню Йорк қарор дорад ва дар бисёр чорабиниҳои саросари ҷаҳон иштирок хоҳад кард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ духтарро бо пирӯзиаш табрик карданд, албатта, мухлисони ӯ аз кишвараш махсусан шод буданд. “Зебосанами олам” як озмунҳои байналмилалии зебоии ҳамасола аст, ки аз бонуфузтарин дар ҷаҳон шуморида мешавад.
Шарҳ