Ҳифзи забон ва расму ойинҳои тоҷикӣ дар Тошканд

Дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Тошканди Ӯзбекистон, мисли Ангрен, Чирчиқ, Бӯка, Пискент, Чиноз, Бекобод, Бӯстонлиқ, Паркент ва амсоли он мардуми тоҷик ба таври дастаҷамъона ба сар мебаранд. Онҳо аз тамоми шароит ва имкониятҳои фаровоне, ки давлат ва ҳукумати ин кишвар барои сокинонаш фароҳам овардааст, комилан бархурдоранд.

-Хусусан, баъди анҷоми сафари дуввуми давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 18-19 апрели соли равон сурат гирифт, байни мақомоти раҳбарии вилоятҳои ҳамҷавори Суғди Тоҷикистон ва Тошканди Ӯзбекистон дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, ки бештар ҷанбаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро фаро мехонад, Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин иқдом бо дастури сарвварони ду давлат-Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ҳуҷҷати ба имзорасида барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ду вилояти ҳамҷавор хеле мусоидат хоҳад кард, — мегӯяд сухангӯи ҳокими вилояти Тошканд Асқар Исмоилов.

Вай меафзояд, ки ҳокимияти вилоят барои беҳбуди ҳаёт, тарзи зиндагӣ ва ҳифзи расму ойинҳои мардуми тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Онро метавон дар мисоли ҷамоати маҳаллаи тоҷикнишини “Қолғонсир”-и ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд дид.

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Қолғонсир” дар иҳотаи боғу дарахтзорони мевадиҳанда, заминҳои ҳамвор ва талу теппаҳои пасту баланд воқеъ гардидааст. Раиси ин ҷамоат Нуралӣ Шодмонов мегӯяд, ки ҷамъияти тоҷикони маҳаллаи онҳо аз 2 ҳазор нафар иборат мебошад. Дар як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва як кӯдакистон фарзандони мардум ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

-Сокинони ҷамоати мо аз роҳи боғпарварӣ, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ, шоликорӣ, инчунин парвариши занбӯри асал рӯзгори худро таъмин мекунанд, — гуфт Нуралӣ Шодмонов.

Маълум шуд, ки як идда фарзандони бофарҳанги ҷамоат, мисли омӯзгорон Ҳайитбой Бердиев, Ҷангилой Шодмонова, Шакарой Шодмонова, профессори соҳаи тиб Амон Турсунов, мурабии варзиш Эсан Қурбонов, соҳибкор Раҷабалӣ Нуралиев, фаъоли занон Фотима Бердиева боиси ифтихори мардуми он мебошанд. 

-Ҷангилой Шодмонова мутахассиси забон ва адабиёти тоҷик мебошад ва солҳои дароз дар мактабамон ба шогирдон аз ин фанҳо сабақ додааст. Ҳоло шогирдони вай дар чанд вилояти Ӯзбекистон ба кору касби омӯзгорӣ машғуланд. Вай барои меҳнатҳои пурсамараш соҳиби ифтихорномаҳои зиёд гаштааст,-изҳор намуд Нуралӣ Шодмонов.

 -Дар мактаби мо 220 нафар фарзандони мардум таҳсил мекунанд ва ба оно 32 нафар омӯзгорон сабақ медиҳанд. Аксарияти онҳо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистонро хатм кардаанд. Дар мактаб шиори “Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!” амал мекунад, ки ба устод Садриддин Айнӣ тааллуқ дорад. Дар байни 60 мактаби ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд мактаби мо аз рӯи иштироки донишомӯзон дар озмуну олимпиадаҳои фанӣ ҷои муносибро ишғол карда меояд,-мегӯяд директори мактаби рақами 34 Ғолиб Ширинов.

 Вай афзуд, ки мактаб бо китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ таъмин мебошад. Инчунин барои шуғли наврасону ҷавонон бо варзиш дар мактаб шароити хубу мусоид фароҳам оварда шудааст.

 Маълум шуд, ки яке аз шогирдони ин мактаб-Шабнам Файзимуродова ба ду забон шеър мегӯяд. Вай ҳанӯз дар синфи нуҳӯми таҳсил мекунад. Машқи шеърҳояш аллакай ба забони ӯзбекӣ таҳни унвони “Сирбуйи илҳомлари” мунташир шудааст. Ҳоло як маҷмӯаи дигарро ба забони тоҷикӣ омодаи чоп кардааст, ки дар ояндаи наздик интишор хоҳад ёфт.

 Дар ин деҳа занону духтарон ба ҳунарҳои гуногуни момоӣ — кашидадӯзӣ, зардӯзӣ ва қолинбофӣ машғуланд.   

 Дарвоқеъ, дар ин деҳа дастаи фолклорӣ-этнографии “Рангинкамон”- фаъолият мекунад, ки роҳбари он сокинидеҳа Фотима Бобоева мебошад. Ба гуфтаи ӯ онҳо дар маросимҳои гуногуни ноҳия ва вилоят бо репертуари тоҷикии худ ширкат мекунанд.

 -Сурудҳои халқии тоҷикии моро мардум ҳамеша бо дилгармӣ пазироӣ мекунанд. Узви аз ҳама кӯҳансоли дастаи мо Муҳарраммомои 92-сола  мебошад. Вай ҳанӯз саломату бардам аст ва гоҳо мерақсаду гоҳо суруду таронаҳои мардумӣ мехонад,-мегӯяд Фотима Бобоева.

  Нуктаи ҷолиб он аст, ки забони мардуми ҷамоати шаҳвандони маҳаллаи “Қолғонсир”-и ноҳияи Бекбодои вилояти Тошканд хеле тозаву бофасоҳат аст. Гузашта аз ин, мардуми он барои ҳифзи арзишҳои миллии худ низ ҳамеша талош меварзанд.

Мирасрор Аҳроров,

узви Иттифоқҳои журналистони

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.

Тошканд-Бекобод-Тошканд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *