Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ

Зиндагинома. 2-юми июни соли 1969 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.

Фаъолияти корӣ. Солҳои 1987-1992 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Солҳои 1992-1995 лаборанти калон, ассистенти кафедраи “Таърихи сиёсии ДАТ. Солҳои 1995-1998 аспиранти шуъбаи рӯзонаи факултети таърихи ДДМТ. Солҳои 1999-2000 ходими илмии шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2000-2002 сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2002-2004 сармутахассиси шуъбаи экспертизаи мавзуҳои илмию техникии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2004-2008 сардори шуъбаи илм ва экспертизаҳои мавзуҳои илмию техникии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2008-2011 муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2011-2015 муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2015-2019 раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 8-уми январи соли 2020 дар мансаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Унвони илмӣ. Номзади илмҳои таърих.

Қадршиносӣ. Соли 2011 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *