Ҳисоби дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо тими Ироқ мусовӣ шуд
Бозии дӯстонаи дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо тими Ироқ бо ҳисоби мусовӣ (0:0) ба анҷом расид.
Ин тим таҳти роҳбарии мутахассиси белорусӣ Олег Кубарев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия нахустин бозии санҷишии худро анҷом дод.
Бозии навбатии худро тими ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ бо бошгоҳи «Бухоро», ки роҳбарии онро дастпарвари футболи тоҷик Ҳаким Фузайлов бар уҳда дорад, баргузор мекунад.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ