«Ҳосилот» ва «Кўктош» ба Лигаи олӣ роҳхат гирифтанд

Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум ба анҷом расид, ки дар натиҷаи дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва «Кўктош»-и Рўдакӣ ба Лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи “Ҳосилот” баъди анҷоми бозии даври охир бо тими меҳмон — “Динамо”-и Душанбе баргузор шуд. Дар ин дидор футболбозони Фархор бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.

Ба ҷуз аз ҷому медалҳои тиллои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар маросими мукофотсупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ин дастовард ба ҳайати дастаи “Ҳосилот” ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Дастаи “Ҳосилот” дар мавсими имсола 56 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи якум мақоми аввалро касб кард ва баъд аз панҷ сол ба Лигаи олӣ баргашт.

Дастаи “Кўктош”-и ноҳияи Рўдакӣ, ки дар даври охири мусобиқа дар меҳмонӣ тими “Гулистон”-и шаҳри Гулистонро бо ҳисоби 9:2 шикаст дод, бо 53 хол ҷои дуюмро гирифт. Ин даста низ ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.

Ҷойи сеюм бо касби 50 хол насиби дастаи “Динамо”-и Душанбе гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *