Ҳуқуқшиноси тоҷик ба ҷоизаи Мартин Энналс пешбарӣ шуд

Ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Дилрабо Самадова ба ҷоизаи Мартин Энналс пешбарӣ шудааст. ИН ҷоизаи бонуфузи байналмилӣ мебошад. Ҷоизаи мазкурро ҷоизаи Нобелӣ дар бахши ҳуқуқи инсон низ меноманд.

Дилрабо Самадова яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик буда, ба ҳайси директори иҷроияи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” фаъолият менамояд. Самадова тез-тез тариқи васоити ахбори омма дар мавзуҳои гуногуни ҳуқуқи инсон баромад мекунад.

Ҳуқуқшиноси тоҷик ба даври финалӣ роҳ ёфтааст. Натиҷаи ниҳоӣ рӯзи 19-уми ноябр эълон шуда, маросими супурдани ҷоиза дар Женева баргузор хоҳад гашт. 

Ёдовар мешавем, ки Ҷоизаи байналмилалии ба номи Мартин Энналс соли 1993 таъсис дода шуда, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои инсон ба ҳуқуқшиносони варзида тақдим мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *