Ҳукумати нави Сурия

Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷӯлонӣ), раисҷумҳури муваққати Сурия ҳайати нави ҳукуматро эълон кард. Маросими муаррифӣ рӯзи 30-юми март дар шаҳри Димишқ гузашт.

Феълан 23 кас вориди ҳукумат шуд, ки дар миёни онҳо намояндагони ақаллият ё камшуморони алавӣ ва курдҳо ҳам ҳастанд. Ҳинд Кабават, зани насронӣ вазири корҳои иҷтимоӣ ва меҳнат таъйин шуд. Вай ягона зан дар ин ҳукумат аст. Вазифаи сарвазирро худи Аҳмад Шаръ иҷро мекунад. Ҳукумати нави Сурия 5 сол ҳақ дорад, ки сари қудрат бошад. Интизор меравад, ки дар ин муддат дар кишвар Қонуни асосии нав қабул шуда, интихобот баргузор гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *