Ҳушдор: Фарзандро аз волидайн мегиранд, агар…

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки назоратро болои волидайне, ки масъулияти худро дар тарбия кардани фарзандашон иҷро намекунанд, сахттар мекунад ва дар сурати аз ӯҳдаи тарбияи кӯдакон набаромадани падару модар онҳоро аз дасташон мегирад ва ба муассисаҳои махсуси таълимӣ месупорад.

Дар ин хусус милитсияи пойтахт иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим “дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ” амалӣ крада мешавад.

Раёсати ВКД як ҳолати мазкурро расонаӣ кард, ки як ноболиғи 15-сола дар асоси ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Сино аз модараш гирифта шуда, дар муассисаи махсуси таълимӣ “Лисейи махсуси касбӣ — техникӣ”-и шаҳри Душанбе супорида шудааст.

Ба иттилои манбаъ Ҳакимов У., сокини 15-солаи шаҳри Душанбе силсилаҷиноятҳои дуздиро содир карда, шабона ба оворагардӣ ва дар роҳҳои мошингард ба талбандагӣ машғул мешудааст.

Мақомот санҷиш гузаронида муайян кардааст, ки Манзура Суфиева, модари ноболиғ дар таълиму тарбияи фарзандаш “бемасъулиятии ҷиддӣ зоҳир намуда, ӯро ба оворагардию талбандагӣ маҷбур сохтааст”.

“Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати модари ноболиғ Манзура Суфиева моддаи 73-и Кодекси оилаи Тоҷикистон, ки гирифтани кӯдакро бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модарӣ иҷозат медиҳад, татбиқ карда шуд”,- навиштааст Раёсати ВКД.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *