Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун қонунвайронкунанда дар қаламрави Русия ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Дар робита ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони кишвар расонидаааст, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвадони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
“Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, ба “рӯйхати шахсони назоратшаванда” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрвандони мо ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифта шудаанд”,-иттилоъ медиҳад вазорат.
Ба таъкиди ин ниҳод барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон mehnat.tj migration.tj ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон vkd.tj истифода намоянд.
Рӯйхати шаҳрвандони ВМКБ: Дидан
Рӯйхати шаҳрвандони ш.Душанбе: Дидан
Рӯйхати шаҳрвандони в.Хатлон: Дидан
Рӯйхати шаҳрвандони в.Суғд: Дидан
Рӯйхати шаҳрвандони ШНТҶ: Дидан
Телефон барои маълумот:
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42,
Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77.
Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 938762626; 939220684.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ