Ҳушёр бошед! Ба доми қаллобон наафтед!

Оё ба шумо афроди ношинос оид ба масъалаҳои молиявӣ ва бонкӣ занг мезананд, ё ба телефони шумо аз мессенҷерҳо паёмакҳои шубҳанок меоянд? Пас, ҳушёриро аз даст надиҳед!

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир содир гардидани амалҳои қаллобӣ бо роҳи ташвиқ ва рекламаҳои бардурӯғ дар фазои маҷозӣ (интернет) бо мақсади гирифтани даромади муфт зиёд мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, қаллобони интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Телеграмм ва Ватсап хеле фаъол мебошанд.

Қаллобон ба шумо занг зада, метавонанд худро корманди ташкилоти тиҷоратӣ муррифӣ намоянд, дар гирифтани қарз ё дарёфти даромади осон ваъдаи кумак диҳанд, бо баҳонаи ба итмом расидани муҳлати корт ё гӯё вуҷуд доштани кӯшиши тасарруфи пул аз корти бонкиатон рақами корт, калимаи калидӣ, CVV рамзро пурсанд, ё ин ки тавассути мессенҷер ба шумо файли шубҳанок ирсол намоянд…

Агар аз шумо маълумоти бонкиро талаб кунанд ё тасдиқи гузаронидани амалиётро пурсон шаванд, шитоб накунед. Маълумотҳои бонкии худро махфӣ нигоҳ доред!

Фаромӯш накунед, ки бонк ё ташкилоти қарзии молиявӣ маблағҳоро тавассути Фейсбук, Телеграмм, Инстаграм ё дигар шабакаҳои маҷозӣ пешниҳод намекунад.

Ҳамзамон иттилоъ медиҳем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ шаҳодатнома ё иҷозатнома (литсензия) барои гузаронидани амалиётҳоро намедиҳад.

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои фирефтаи қаллобон нагардидан ба таблиғҳои бардурӯғ (фейкӣ) бовар накунанд, эҳтиёткор бошанд ва аз гузаронидани маблағ ба кортҳое, ки аз ҷониби чунин ашхос пешниҳод мегардад, худдорӣ намоянд.

Ба ваъдаҳои дурӯғ дода нашуда, худ ва наздиконатонро аз қаллобон эҳтиёт намоед!

Шуъбаи матбуоти БМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *