Ҷамъомади таълимии наврасони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Тайланд баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Арабистони Саудӣ ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимӣ мегузаронад.

Барои ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 15 то 30-юми март дар Даммам доир мешавад, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов 27 бозигар — 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 13 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Дар Арабистони Саудӣ наврасони мо чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд.

Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 30-юми март зимни қуръакашӣ, ки дар Бангкок баргузор мешавад, маълум хоҳанд шуд.

Пас аз натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон дар Тайланд чор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 дар Перу мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *