Ҷанги сеюми ҷаҳон аз куҷо сар мезанад?

Айни замон дар ҷаҳон якбора якчанд муноқишаи бузург ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онҳо ба хатари табдил шудан ба ҷанги ҷаҳонӣ рӯ ба рӯст. Пойгоҳи “Advance” тезутундшавии вазъият дар Косоворо боиси эҳтимоли сар задани ҷанги ҷаҳонӣ медонад.

Шореҳи нашрияи хорватӣ Д. Марянович бар ин назар аст, ки низоъ бо ихроҷи сербҳо аз Косово поён меёбад. Он гоҳ ҷумҳурии эътирофнашуда масъалаи ҳудудиро ҳал мекунад ва ба созмонҳои байналмилалӣ шомил мешавад.

«Гузинаи дигари хатарноктаре низ имконпазир аст, ки дар он қудратҳои қавӣ дахолат карда, Косоворо ба майдони дигари «ҷанги прокси» табдил хоҳанд дод»,- қайд кард рӯзноманигор.

Ба гуфтаи вай, шиддат дар Косово метавонад аз рӯи сенарияи «Ҷанги сард» сурат бигирад, мисли ИҶШС ва Иёлоти Муттаҳида, ки дар саросари ҷаҳон тавассути кишварҳои сеюм даргир буданд. Аммо ин дафъа ҷои муқовимат Аврупо хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар атрофи ин ҷумҳурии эътирофнашуда ба далели тарҳҳои Приштина аз 1-уми август дар бораи мамнуъ кардани вуруди мошинҳои дорои рақамҳо ва асноди Сербӣ ба минтақа шиддат гирифт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.