Ҷанозаи маликаи Бритониё як ҳафта баъд баргузор мешавад (аудио)

Маросими ҷанозаи маликаи Бритониё Елизаветаи II рӯзи 19-уми сентябр баргузор мешавад. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба дафтари матбуотии хонаводаи салтанатии Бритониё хабар додаанд.

Бояд гуфт, қасри Букингем шоми 8-уми сентябр эълон карда буд, ки маликаи Бритониё Елизаветаи II дар 96-солагӣ даргузаштааст. Гуфта мешавад, ки ӯро дар қасри Виндзор дафн хоҳанд кард.

Ҷойгузини малика писараш — Карли 73-сола, подшоҳи Бритониё ва раҳбари 14 қаламрави дигар, аз ҷумла Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шудааст.

Елизаветаи II аз соли 1952 ва пас аз марги падараш ба муддати 70 сол маликаи Бритониё буд. Дар ин муддат чаҳордаҳ сарвазири Бритониё иваз шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.