Ҷарима барои нашри маводи ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Шаҳрванд Пирумшозода Меҳрона дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста наворҳои дорои мазмуни ғайриахлоқӣ паҳн мекард, ки ин амал боиси вокуниш ва норозигии зиёди шаҳрвандон гардид.
Қаблан, нисбати номбурда огоҳии расмӣ дода шуда буд, то ки аз чунин кирдорҳо худдорӣ намояд. Бо вуҷуди ин, тавре мушоҳида мегардад, ӯ ба паҳнсозии маводи ғайриахлоқӣ идома додааст.
Дар робита ба ин, аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, нисбати Пирумшозода протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади татбиқи чораҳои қонунӣ ба Суд ирсол гардид.

Бо ҳалномаи Суди марбута, нисбати номбурда ҷаримаи маъмурӣ таъин гардида, ҳамзамон қатъиян огоҳӣ дода шуд, то дар оянда ба чунин кирдорҳои мухолифи ахлоқи ҷамъиятӣ ва қонуншиканӣ роҳ надиҳад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид менамоянд, ки назорат ва вокуниш нисбат ба паҳнсозии маводи ғайриахлоқӣ дар фазои маҷозӣ минбаъд низ идома меёбад ва шахсони қонунвайронкунанда тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ҷазо дода мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ