Ҷаримаи 38 нафар дар Бохтар. 4 нафарашон шахсони масъуланд

Давоми соли равон 19 нафар барои партофтани партов дар ҷойҳои номуайян ҷарима баста шуданд. Дар ин миён чанд шахси масъули идораҳои дахлдор ҳам ҳастанд.

Маҳмашариф Мирзода, мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар суҳбат бо  Pressa.tj  гуфт, аз миёни шахсони ҷаримашуда 4 нафар шахсони мутасаддӣ мебошанд. Ӯ мегӯяд, роҳбари хоҷагии коммуналӣ, сармуҳандиси КВД “Таъмиру истифодабарии иншоот” ва ду нафар масъулини шуъбаҳои дахдор аз мақомоти маҳаллӣ то 20 нишондиҳанда ҷарима шудаанд. Ба таъкиди вай, дар маҷмуъ дар шаҳри Бохтар нисбат ба 38 нафар парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

“Мо барои тозагии муҳити зист минбаъд ҳамкориро ба аҳолӣ ва шахсони масъул бештар хоҳем кард. Дар навбати аввал маърифати шаҳрнишинии сокинонро баланд бардоштан лозим аст. Ин ҷарима роҳи ҳал нест. Ҳама бояд дар тозагии маҳалла ва шаҳри худ саҳгузор бошад”,-гуфт манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *