Ҷаримаи беш аз 130 нафар дар Кӯшониён

Дар шаш моҳи соли равон, дар ноҳияи Кӯшониён беш аз 130 нафар ҷарима карда шудаанд.  Аксарият барои муомилаи нодуруст бо партов ҷарима шудаанд.

Манучеҳр Маҳмадзода, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки аз ҷамъи умумии ҷаримаҳо, дар 124 ҳолат ҷарима ситонида шудааст. Ӯ мегӯяд, дар асоси тартиб додани 134 парвандаи маъмурӣ 53 ҳазору 700 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст, ки наздики 8 ҳазор сомонии он зарар ба муҳити зист эътироф карда шудааст. 

“Бештар сокинон барои муомилаи нодуруст бо партов, буришӣ ғайриқонунии дарахт ва ифлос намудани қабати ҳосилхези замин ҷарима карда шуданд. Қариб, ки ҳамарӯза миёни сокинон суҳбату вохурӣ вобаста ба тозагии маҳал ва пешгирӣ аз ифлоскунии муҳити зист гузаронида истодаем”,-гуфт манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *