Ҷаримаи беш аз 235 ронандаи нақлиёти боркаш дар Хатлон

 Дар ҳашт моҳи соли равон дар вилояти Хатлон беш аз 235 ронандаи нақлиёти боркаш маблағи ҷарима супоридаанд. Онҳо меъёри муайяни вазнро дар роҳҳо риоя накардаанд.

Исроил Шафизода, сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки мутахассисони мо ҳаракати нақлиёти боркашро зери назорат доранд. Ӯ мегӯяд, барои ин дар се гузаргоҳ, Панҷи — Поён, Қизил — қалъа ва Ёвон ҷадвали навбатдорӣ ташкил шудааст.

«Барои ба таври пурра риоя накардани меъёри муайяни вазн ва бе сиртификати боркашонӣ фаъолият кардан, 238 ронандаи нақлиёти боркаш зиёда аз 856 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд»,-таъкид кард вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *