Ҷаримаи беш аз 28 ҳазор ронанда
Тайи 10 рӯзи охир дар доираи амалиёти “Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо”, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд, беш аз 28 ҳазору 500 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд.
Амалиёти “Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо” аз 1 то 10-уми апрел дар тамоми Тоҷикистон гузаронида шуд. Аз Бозрасии давлатии автомобилии ВКД (БДА) хабар медиҳанд, ки дар ин муддат беш аз 8 ҳазор ҳолати набастани тасмаи бехатарӣ, 59 далели идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 27 ҳолати бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаи нақлиёт, 49 далели сиёҳшиша будани мошинҳо, 321 ҳолати бе иҷозат ба мусофиркашонӣ машғул шудан ва дигар қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шуд.
“Нисбати ҳамаи ронандаҳо протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, бо дастрасии моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардидаанд. Аз ҷумла, барои набастани тасмаи бехатарӣ бо моддаи 333, қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст) ҷарима шудаанд”,- гуфтанд аз БДА.
Ин банди қонунгузорӣ аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ аст) ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Мақомот мегӯянд, ки чунин “рейд”-ҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ гузаронида шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ