Ҷасади муҳоҷири тоҷик дар Русия пайдо шуд

Дар шаҳри Южноуралскии вилояти Челябински Русия ҷасади муҳоҷири тоҷикро пайдо карданд.

Тавре ки як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи Мурод Гулов бо нашри чанд акс иттилоъ додааст, ин нафар Тоҳиров Ҳусен Мамадҷонович, соли таваллуд 13 июни 1977 мебошад.

Гуфта мешавад, ки Ҳусен Тоҳиров истиқоматкунандаи деҳаи Ҷангалободи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат) буда, ҷасадаш дар назди дӯкони металҷамъкунӣ пайдо шудааст.

“Агар касе ин шахсро шиносад,(хешу табораш) ба телефони банда занг занад: 89026029399”-чунин навиштааст корбари Фейсбук.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.