Ҷасади ноболиғи гумшуда аз ҳавз пайдо гардид

Ҷасади як хонандаи мактаби миёна, ки рӯзи 8 август нопадид шуда буд, аз як ҳавзи Забайкал пайдо намуданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Егор Марков, котиби матбуотии  шӯъбаи тафтишотии Забайкал хабар медиҳад.

«Имрӯз тахминан соати 10:30 (бо вақти 04:30 вақти Маскав) дар вилояти Ононск дар кӯле, ки дар наздикии деҳаи Новая Заря ҷойгир аст, зимни чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади кӯдаки 8-сола, ки 8 август бедарак шуда буд, пайдо гардид», — шарҳ медиҳад Егор Марков.

Бино ба иттилои манбаъ сабаби марги ноболиғ то ҳол аниқ нагардидааст. Қайд карда шуд, ки ҳафтаи гузашта писар хонаашро дар деҳаи Новая Заря тарк карда, барнагаштааст. Рӯзи душанбе муфаттишон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *