Ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2022 рафтанд

Рўзи 30-юми май дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба шаҳри Тошканд рафт.

Ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқа 22 бозигар — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар шомиланд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи «D» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи Тоҷикистон дастаҳои ҷавонони Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) мебошанд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар ин мусобиқот рўзи 3-юми июн бо Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин вохўрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Оятулло Сафаров («Файзканд»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Тўрон», Ўзбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);

Ҳамлагарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.