Ҷавонони Тоҷикистон бо Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур бозӣ мекунанд

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гуруҳи «I» бо дастаҳои мунтахаби Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур бозӣ мекунад.

Бозиҳои марҳилаи интихобӣ дар гуруҳи «I» аз 14 то 18-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

Ғолибони даҳ гуруҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ўзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола:

Гуруҳи «А»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Чин, Мянмар, Малдив, Ўзбекистон.

Гуруҳи «В»: Қатар, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Непал, Бутан.

Гуруҳи «C»: Ҷопон, Яман, Фаластин, Лаос (мизбон), Гуам.

Гуруҳи «D»: Урдун (мизбон), Тайбейи Чин, Сурия, Туркманистон, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гуруҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Муғулистон (мизбон), Шри-Ланка.

Гуруҳи «F»: Индонезия (мизбон), Ветнам, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.

Гуруҳи «G»: Тайланд, Уммон (мизбон), Филиппин, Афғонистон.

Гуруҳи «H»: Австралия, Ироқ (мизбон), Ҳиндустон, Кувайт.

Гуруҳи «I»: ТОҶИКИСТОН (мизбон), Камбоҷа, Лубнон, Сингапур.

Гуруҳи «J»: АМА, Эрон, Қирғизистон (мизбон), Бруней.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.