Ҷазо барои барқу гармӣ
Дар пайи татбиқи ҷазо барои “дуздӣ”-и барқ дар Кодекси ҷиноятӣ, ҳамчунин, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳам тағйирот ворид гардид, ки дар асоси он барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ низ ҷарима ҷорӣ шудааст.
Қаблан, лоиҳаи қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вакилони палати поёнии парлумон ба тасвиб расонида буданд.
Тибқи тағйироте, ки ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шудааст, барои истифодаи барқу гармӣ бе истифода аз таҷҳизоти барқӣ (счетчик) ва ё кандан ва шикастани пломбаҳои он ҷаримаи сангин пешбинӣ мешавад.
Дар матни Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар сомонаи Маркази миллии қонунгузорӣ ҷой дода шудааст, ин тағйирот дида мешавад.
Дар асоси моддаи 382-и Кодекси мазкур барои чунин амалҳо ҷарима татбиқ мешавад:
– истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;
– худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ;
– истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ;
– кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ;
– аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ;
– тағйир додани нишондод бо мақсади насупоридани маблағи қувваи барқ.
Барои чунин кирдорҳо:
– шаҳрвандони оддӣ аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазору 250 сомонӣ (аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);
– мансабдорон аз 2 ҳазору 250 то 3 ҳазору 750 сомонӣ (аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);
– роҳбарони коргоҳу корхона ва ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) аз 15 ҳазор то 22 ҳазору 500 сомонӣ (аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима мешаванд.
Қаблан барои ин кирдорҳо шаҳрвандони оддӣ аз 225 то 375 сомонӣ, мансабдорон аз 1125 то 1,5 ҳазор сомонӣ ва соҳибону корхонаву коргоҳҳо аз 7,5 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ ҷарима мешуданд.
Ёдовар мешавем, ки 11-уми апрел вакилони парлумони кишвар тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро қабул карданд, ки тибқи он касоне, ки қоидаҳои истифодаи неруи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ