Ҷазо нисбати ҷодугарон ва фолбинон сахттар шуд

Ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки ҷазо нисбати ҷодугарӣ ва фолбиниро сахттар мекунад. Ба иттилои нашрияи расмии порлумони кишвар “Садои мардум”, дар асоси тағйироти нав дар моддаи 240 иловаи 1 пешбинӣ шудааст, ки агар сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар давоми як сол аз рӯзи таъйини ҷазои маъмурӣ содир шуда бошанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

«Моддаи 482 (ҷодугарӣ ва фолбинӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ таҷдиди назар шуда, ҳоло ҷарима зиёд шудааст. Инчунин ҷазои алтернативӣ ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст», хабар медиҳад манбаъ.

 Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дода буд, ки афроде, ки ба сеҳру ҷодугарӣ машғул мешаванд, ба муддати то 6 моҳ ба корҳои ҳатмӣ маҷбуран ҷалб мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *