Ҷоизаи ҷаҳонии “Торҳои зиндагӣ”

Фирдавс Набиев яке аз суратгирони ҳирфаӣ аст, ки дар 9-умин Ҷашнвораи байналмилалии аккосӣ (International Photography Awards) дар бахши “Портрети мард” яке аз 5 асари ҳунарии ӯ соҳиби ҷоизаи асосӣ гардид.

Ӯ аз соли 2016 ба ин сӯ дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат карда, имсол бошад, бахт ба рӯяш хандид. Акси гирифтаи ӯ “Торҳои зиндагӣ” ном дошта, дар миёни 465 ҳазор акс аз 112 ҳазор суратгир соҳиби ҷоизаи асосӣ мегардад.

Имсол дар ин ҷашнвора суратгирони 174 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Фирдавс Набиев бошад, аз Тоҷикситон сазовори ин ҷашнвораи бонуфузи байналмилалӣ мегардад.

Акси “Торҳои зиндагӣ” қарор аст дар маҷаллаҳои бонуфузи аккосӣ дар радифи 1500 сурати беҳтарин нашр шавад. Ин аз як ҷиҳат муаррифии фарҳангу ҳунар дар Тоҷикистони азиз буда ва аз ҷиҳати дигар бошад, мо ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ суратгирони ҳирфаӣ дорем.

Б. МЕҲТОҶИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *