Ҷойи сеюми мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2022

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола бо пирӯзии дастаи Эрон ба анҷом расид.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар ин мусобиқа медали биринҷиро соҳиб шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар даври ниҳоӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов аз тими Эрон бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрд. Тими миллии Ӯзбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи мусобиқа, якбора ду даста — Эрон ва Ӯзбекистон 10-холӣ ба даст оварданд. Аммо ба далели тафовути тӯбҳо наврасони Эрон барандаи чемпионати CAFA-2022 гардиданд. Ӯзбекистон медали нуқра ва мунтахаби Тоҷикистон бо чор хол медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба тими Қирғизистон ва ҷоизаи махсус насиби тими Афғонистон шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бозигари тими Ӯзбекистон Амирбек Саидов (7 гол) дониста шуд. Ҷоизаи арзишмандтарин бозигар ба футболбози тими Эрон Ризо Гандипур насиб гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *