“Ҷомаи Ғалаба” зери сар ҷон дод…
… Чор нафари навбатиро Мулло Аҳмади завронӣ ба баромадгоҳи Заврондеҳ, ба назди мазори Хоҷа Муҳаммади Абудардо оварда, барои ба “ҷанги Гирмон” рафтан фотеҳа дод. Инҳо низ аз ҷумлаи 27 нафар заврониёне буданд, ки қаблан ба ин ҷанг рафта буданду аллакай аз баъзеашон “хати сиёҳ” ҳам омада буд…
Заврониҳо, ки то замони оғози ҷанг дар бораи Олмони фашистӣ нашунида буданд, маҷбур буданд ҳоло беҳтарин ҷавонмардони худро ба ин ҷанге, ки дар ким-кадом гӯшаи дунё идома дошту ҳар рӯз ҳазорон нафарро ба коми худ мекашид, фиристанд. Ҳамарӯза даъвати Сталин аз газетаю радио садо медод: ”Наше дело первое, мы победим!». Ниҳоят, садои Левитани он замон машҳур, ки аз карнайи радиоҳо ҳар рӯз дар бораи ҷанг иттилоъ медод, баланд шуд: “Великая отечественная война победоносно завершена! Германия полностю разгромлена. Мы победили!”. Ин муждаи Ғалаба аз он огоҳӣ медод, ки дигар касе дар майдони ҷанг кушта нахоҳад шуд, дигар кудаке бе падар нахоҳад монд ва дигар модаре ё арӯси ҷавоне дар сӯги писару шавҳар нахоҳад нишаст, аммо…
Аммо онҳое, ки наздиктарин шахсони худро дар ин ҷанги хонумонсӯз аз даст дода буданд, то охирин лаҳзаи ҳаёт сӯхтанду сӯхтанд…
Яке аз чунин сӯхтаҳо модаркалони раҳматии ман буданд, ки пеш аз ҷон супоридан ҷомаи беқасаби домодии писарашонро, ки ҳама умр дар зери болишташон гузошта мехобиданд, бори охир бӯй кашида, баъд ба хоби абад рафтанд…
Ягона писарашон Субҳон Султонов, ки нав оиладор шуда буд, ихтиёрӣ ба сафти Артиши Сурх пайваста, дар набардҳои аввалин бо фашистон дар наздикии қалъаи Брест меҷангид ва охирин “сегӯшаи” (номаҳо сегӯшаи аскарӣ, ки дар як тарафаш хат менавиштанду дар тарафи дигараш нишонии онро) ӯро бибии бесаводам чун тӯмор то лаҳзаи ҷонбароӣ дар гӯшаи рӯмолашон гиреҳ карда, нигоҳ медоштанд. Тӯли солҳои дароз ин коғази зардгаштаро, ки акнун ҳарфҳояшро ҳам зери бори рӯзгорон хонда намешуд ва охирин паёме аз фарзандашон буд, ҳатто ба мо намедоданд, ки хонем. Мегуфтанд, ки “мабодо надарронед…”.
Чун “хати сиёҳ” (похоронка)-и тағоям наомада буд, модар ҳанӯз умедвор буд, ки рӯзе писараш аз дар “Ассалому алайкум, ана ман очаҷон…” гӯён медарояд. Аммо пас аз сӣ соли интизорӣ модар ҷомаи писарро зери сар гузошту бо чашми бози интизори роҳи гумгаштаи худ ҷон дод. Он лаҳза ман сари болинаш будам ва модарам чашмони бибиамро пӯшида истода гуфт: “Очаҷони чашминтизорам, акнун ба дидори писари шаҳидат мерасӣ…”.
Бале, ин Ғалаба ба ивази ҷони чунин мардони шаҳид, аз ҷумла тоҷикписарони шуҷоъу далер, ки ба хотири Ватани онвақтаи худ ҷоннисорӣ кардаанд, ба даст омадааст. Аз Заврондеҳ, як деҳаи хурди тоҷикон ҳамагӣ 14 нафар зинда баргаштанд, ки нисфи онҳо низ маъюбу маслуқ буданд. Ҳоло онҳо низ ин ҷаҳонро падруд гуфтаанд, вале корномаи онҳо, шуҷоати онҳо ва хотираи онҳо набояд аз хотирҳо зудуда шавад…
А. АҲМАДЗОДА,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ