Ҷоми ҷаҳон бо хондани оёти “Қуръон”оғоз шуду Қатар шикаст хӯрд (аудио)

Маросими ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол дирӯз дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Ал-Ҳаври давлати Қатар ифтитоҳ гардид.

Дар рӯзи аввал аз гуруҳи “А” давлати мизбон бо тими миллии Эквадор бозӣ кард. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 бо ғалабаи тими Эквадор ба поён расид. Бо бохти давлати Қатар анъанаи 92-солаи Ҷоми ҷаҳон шикаста шуд, ки дар маросими ифтитоҳӣ мизбон мағлуб шавад.

Ду голи тими милли Эквадорро Эннер Валенсия дар нимаи аввали бозӣ ба самар расонид ва дастаи Эквадор соҳиби 3 имтиёз шуд.

Ёдовар мешавем, аввалин маротиба аст, ки Ҷоми ҷаҳон дар Машриқзамин, бахусус дар давлатҳои арабӣ баргузор мегардад. Маросими ифтитоҳӣ бо хондани оёти “Қуръон” оғоз гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *