Ҷоми Осиё-2023: Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пирӯзии дуюмро ба даст овард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 пирӯзии дуюмашро ба даст овард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуввуми марҳилаи интихобӣ бар тими Сингапур бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Нимҳимоятгар Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 53-юми вохӯрӣ муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар гардид.

— Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 14-уми июн бо тими миллии Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *