Мастчоҳ

Ҷопон дар Мастчоҳ “Маркази занон” месозад

Дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ як маркази занон дар доираи кумакҳои бебозгашти Ҷопон бунёд мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳ, қарордоди сохтмони “Маркази занон” дар ноҳияи Мастчоҳ дар Сафорати Ҷопон дар шаҳри Душанбе байни Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тошихиро АИКИ ва раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур нақши занонро дар ҷомеа таҳким бахшида, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, имкони гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва машваратҳои касбӣ барои тамоми занони ноҳияро фароҳам меоварад. Ҳамчунин, баробари бунёди ин марказ занон метавонанд дар он малакаи касбӣ, маслиҳат ва ё кумаки ҳуқуқӣ бигиранд. Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон барои бунёди ин марказ 111165 доллари ИМА ҳамчун грант маблағгузорӣ хоҳад кард. Тибқи лоиҳа сохтмони “Маркази занон”моҳи феврали соли 2023 оғоз мегардад.

— Маврид ба зикр аст, ки кишвари Ҷопон дар тӯли беш аз 30 сол, аз замони истиқлол ба даст овардани Тоҷикистон бо мардуми тоҷик ҳамчун як дӯсти хуб дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамкориҳои судманд дошта, барои бунёди мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон кумакҳои бебозгашт мерасонад,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.