💡Қонуни ҷазо бораи истифодаи ғайриқонунии барқ имзо шуд
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз қонунеро имзо кард, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар мекунад.
Ба иттилои расмӣ, шахсони воқеӣ ва мансабдороне, ки қувваи барқро бе ҳисоб истифода мебаранд ё ба таҷҳизоти ҳисобкунак дахолат мекунанд, ба ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндон маҳкум хоҳанд шуд.
Қонун дар пайи нигаронии президент аз талафоти зиёди барқ қабул гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ