Ғанӣ ба Душанбе меояд

Тавре раиси парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ, гуфтааст, ба наздикӣ президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба гуфти Раҳмонӣ, сафари президенти Афғонистон ба Тоҷикистон моҳҳои наздик сурат мегирад.

Ҳоло мавзӯи музокирот, нақшаҳои мулоқоти Ашраф Ғанӣ ва ҳамчунин ҳайате, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд, аниқ нашудааст.

Шояд сафари Ғанӣ ба Душанбе бо конфронси вазирони корҳои хориҷӣ «Қалби Осиё — Раванди Истамбул», ки охири моҳи март ба нақша гирифта шудааст, рабт мегирад.

Ашраф бо Толибон забон меёбад?

Чорабинии мазкурро Тоҷикистон ва Афғонистон сарварӣ мекунанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охирин сӯҳбаташ бо Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ӯро ба Душанбе даъват кардааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *