Ғоратгарӣ бо истифода аз фурсат: Зарар тақрибан 30 ҳазор сомонӣ аст (видео)

Имрӯз дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, ду зан бошитоб аз даромадгоҳи биное мефароянд.

Тибқи маълумоти навишта, инҷо даромадгоҳи бинои баландошёна дар маҳаллаи 19-и шаҳри Хуҷанд буда, навор рӯзи 3-юми апрел тариқи камераи назоратӣ гирифта шудааст.

Се нафар зан «дари яке аз ҳуҷраҳои ин биноро мекӯбанд ва дарро кӯдакони дохили ҳуҷра буда мекушоянд ва мегӯянд, ки дар хона падару модарашон нестанд ва онҳо танҳо ҳастанд. Ин се зан аз фурсати муносиб истифода бурда, бо ҳар баҳонаву фиреб дохили хона мешаванд. Баъдан ашёи қимматбаҳо, аз он ҷумла тилло ва пулҳоро гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд».

— Зарари расонидашуда тақрибан 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,- омадааст дар хабар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *