Ҳоҷӣ Мирзо

Чӣ кор кунам, ки савоб гирам? Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо

Намозҳоямро мехонам, рӯза медорам. Боз чӣ кор кунам, ки савоб гирам?

Оқилҷон НОЗИРОВ, шаҳри Исфара, деҳаи Чилгазӣ

Посух:

Дар як ҳадис омадааст, ки ба зиммаи ҳар мусулмон як миқдор садақа додан зарур аст. Расули Акрам (с) ҳамеша дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсони зиёд мекарданд. Шахсе арз намуд: — Эй Расули Худо (с), касе мол надошта бошад, чӣ кор кунад? Расули Худо (с) фармуданд: -Бояд ба даст меҳнат карда, ҳам зарурати худро бароварда созад ва ҳам садақа намояд. Нафаре пурсид: — Эй Расули Худо (с), агар касе узр дошта бошаду меҳнат карда натавонад чӣ? Расули Акрам (с) гуфтанд: -Бояд ҳоҷати мусулмонеро барорад, ки ин ҳам садақа аст. Боз шахсе пурсид: — Эй Расули Худо (с), агар инро ҳам натавонад чӣ? Расулуллоҳ (с) фармуданд: — Сухани нек гӯяд… Агар инро ҳам натавонист, ба касе зарар нарасонад, ки барои ӯ ин ҳам садақа аст.

Бояд садақаву эҳсон аз моли ҳалол карда шавад. Худованд садақаеро ба даргоҳаш қабул мекунад, ки ҳалол бошад. Суфёни Саврӣ (р) мефармояд: «Касе ки моли ҳаромро садақа кард, гӯё либосашро пок мекунад ва он либос бе об пок намешавад. Гуноҳ ҳам бе моли ҳалол бахшида намешавад!».

Дар ин моҳи муборак ибодати нафл баробари фарз савоб аст. Савоби фарз 70 дараҷа зиёд мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *