Қатъномаи СММ ва миссияи рақамии Тоҷикистон

25-уми июли соли 2025 барои ман, ҳамчун хатмкардаи донишгоҳи аврупоӣ, мутахассиси ҷавони соҳаи зеҳни сунъӣ рӯзи хурсандӣ буд. Зеро дар ин рӯз қатъномаи пешниҳодкардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши зеҳни сунъӣ (ЗС) дар рушди устувори Осиёи Марказӣ дар Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул гардид. Ин на танҳо як дастоварди бузурги сиёсӣ, балки оғози як марҳилаи нав барои Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони рақамӣ мебошад.

Аз Қатънома бармеояд, ки мақсади ташаббус он аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ модели танзими зеҳни сунъиро таҳия ва дар амал татбиқ намоянд. Тавре аз маводҳои дар расонаҳои ҷаҳонӣ нашргашта бармеояд, ҳадафи Қатънома иборат аст аз:

Якум, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ки бояд ба як маркази ҳамоҳангсозии омӯзиш, таҳқиқот ва технология дар тамоми минтақа табдил ёбад;

Дуюм, эътирофи модели худтанзимкунии зеҳни сунъӣ (ЗС) дар Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи мувозинати байни танзим ва навоварӣ.

Бори аввал як кишвари Осиёи Марказӣ тавонист ташаббусеро роҳандозӣ намояд, ки на танҳо минтақавӣ, балки хусусияти ҷаҳонӣ дорад.

Ҳамчун як ҷавони тоҷике, ки солҳои охир дар муҳити пешрафтаи аврупоӣ таҳсил кардаву таҷриба андӯхтаам, ба таври равшан эҳсос мекунам, ки ин қатънома Тоҷикистонро аз як кишвари истифодабарандаи технологияи воридотӣ ба ташаккулдиҳандаи сиёсатҳои байналмилалии ЗС табдил медиҳад.

Қатънома қабул шуд, вале он оғози кор, ибтидои масъулият аст. Ман бар он боварам, ки мо мутахассисон, муассисаҳо ва ҷомеа бояд ин имкониятро ба як воқеият табдил диҳем. Корҳое, ки моро интизоранд, заҳматталаб, аммо ниҳоят муҳиманд.

Суҳроб ҲАМДАМОВ, мутахассиси соҳаи зеҳни сунъӣ

Пеш аз ҳама, марказ бояд дорои зерсохторҳои технологӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, марказҳои омӯзишӣ ва стартапҳо бошад. Мо бояд фазои илмӣ-амалӣ ва тадқиқотӣ ба вуҷуд орем, ки барои ҷавонон ва муҳаққиқони минтақа имкони рушди касбӣ фароҳам созад.

Технопарки Area AI, ки аллакай сохтмонаш оғоз ёфтааст, метавонад ба нуқтаи асосии ин марказ табдил ёбад. Мо бояд онро бо муҳтавои зеҳнӣ, омӯзгорони сатҳи ҷаҳонӣ ва дастрасӣ ба пойгоҳҳои байналмилалии ЗС таъмин намоем.

Ҷомеаи Тоҷикистон хуб медонад, ки Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ барои то соли 2040 қабул гаштааст. Стратегия бояд бо нақшаи мушаххаси амал, буҷаи устувор, низоми тайёр кардани кадрҳо ва механизмҳои мониторинг пурра карда шавад.

Барои татбиқи он бояд:

• фанҳои зеҳни сунъӣ ба барномаҳои таълимӣ ворид шаванд;

• омӯзгорон ва муҳаққиқон бозомӯзӣ шаванд;

• ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ густариш ёбад;

  • Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз ва маркази минтақавии зеҳни сунъӣ ташаббускори форумҳои минтақавӣ, таҳқиқоти фаромиллӣ ва шабакаҳои мутахассисони соҳаи ЗС гардад;
  • Душанбе бояд ба маркази ташкили лоиҳаҳои муштарак бо Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон табдил ёбад.

Ин ҳамгироии рақамиро вусъат мебахшад ва нуфузи Тоҷикистонро тақвият медиҳад.

Як нуктаи дигар бояд сахт мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад: қабули Кодекси миллии ахлоқи рақамӣ, қоидаҳои истифодаи бехатар ва боэътимоди ЗС ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар муҳити рақамӣ бояд ҷавоби амалӣ ба даъвати қатънома гардад.

Модели танзим бояд на аз рӯи манъи технология, балки аз рӯи роҳнамоии он ба сӯи манфиати инсонӣ бошад.

Қатънома ба мо имконият медиҳад, ки бо ширкатҳои байналмилалӣ созишномаҳо ба имзо расонем, лабораторияҳои муштарак таъсис диҳем ва дар созмонҳои байналмилалӣ намояндагии рақамии худро муаррифӣ намоем.

Тоҷикистон метавонад ба яке аз марказҳои пешсафи таҳияи software, омӯзиши кадрҳои рақамӣ ва ташаккули андешаи илмӣ дар самти зеҳни сунъӣ дар минтақа табдил ёбад. На ҳамчун як давлати истифодабарандаи технология, балки ҳамчун як мафҳуми муосир ва бунёди Тоҷикистони рақамӣ ва технологӣ, ки дар он навоварӣ, дониш ва инсонмеҳварӣ мақоми пешрафтро ташкил диҳанд.

Қатъномаи СММ оғози нав аст, аммо на танҳо барои ҳукумат. Ин як даъват ба ҳар яки мо – омӯзгорон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва мутахассисон аст.

Ман итминон дорам, ки агар мо ин фурсатро бо масъулият, ҳамкорӣ ва рӯҳи навоварӣ истиқбол гирем, Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ҷойгоҳи хосса пайдо хоҳад кард.

Суҳроб ҲАМДАМОВ,

мутахассиси соҳаи зеҳни сунъӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *