Қиморбозу қиморхона дар Восеъ ошкор шуд

 Як сокини ноҳияи Восеъ барои хонаашро ба қиморхона табдил додан  аз тарафи кормандони милитсияи вилояти Хатлон боздошт шуд. 

Тавре ки Офоқ Қодириён,подполковники милитсия, сардори шӯъбачаи махсуси иттилоотӣ, нашриёт  ва кор бо шабакаҳои интернетии РВКД дар вилояти Хатлон ба “Pressa.tj” иттилоъ дод, ин нафар Табаров Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1951, истиқоматкунандаи деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти Вайсови ноҳияи Восеъ мебошад.  “Кормандони шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қисми минтақии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб, Раҷабалӣ табаровро  дар ҳудуди деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ боздошт намуданд. Ӯ муддати як моҳ манзили истиқоматиашро ба қиморхона табдил додааст”-гуфт манбаъ.

Табаров Раҷабалӣ чанд нафар аз сокинони деҳаи мазкурро низ ба бозии қимор ҷалб намудааст, ки ин нафарон Табаров Ҷовидон, соли таваллудаш 1997, Муродов Сайҷалол, соли таваллудаш 1991, Кароматуллои Неъматулло, соли таваллудаш 1994, Давлатов Рустам, соли таваллудаш 1989, мебошанд.

Ҳангоми дастгир гардидан аз шахсони дар боло номбаркардашуда як адад купюраи 100-сомонӣ, шаш адад купюраи 20-сомонӣ, 13-адад купюраи 10-сомонӣ, як адад купюраи 5-сомонӣ, як адад купюраи 3-сомонӣ, картаҳои қиморбозӣ ва 2-адад чоркунҷаҳои ишоратӣ (зарик) ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд.

Офоқ Қодириён мегӯяд, ки ашхоси мардумфиреб барои расидан ба мақсадҳои нопок, бо ташкил ё нигоҳдории қиморхонаҳо бо роҳу усулҳои ҷинояткоронаи худ, аз иродаи сусти шаҳрвандон истифода намуда, ба боварии онҳо медароянд. Ба хотири ба даст овардани даромади муфт то ҳадде мардумро фиреб медиҳанд, ки ин нафарони гумроҳ охирин пули дар ҷайбашон бударо ба коми ин қаллобон ҳаво медиҳанд.

Оид ба ҳолати мазкур нисбати Табаров Раҷабалӣ бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Инчунин,  нисбати дигар иштирокдорон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *