Қочоқчии ангишт дастгир шуд

Сарҳадбонҳои Қирғизистон дар ноҳия Лайлаки вилояти Бодканди ин кишвар аз содироти ғайриқонунии ду тонна ангишт ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати КДАМ-и Қирғизистон хабар дод.

Маълум мегардад, ки ҳодиса рӯзи 17-уми июн рух дода, шаҳрванди Қирғизистон мехостааст тавассути як мошини «Форд Транзит» аз мавзеи Колтсои ноҳияи Лайлак ба Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ду тонна ангишт гузаронад. Вале дар хати сарҳад аз ҷониби неруҳои сарҳадбонӣ дастгир гардидааст.   

Пас аз пур кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор ронандаи боздоштшуда ва бори он барои тафтиши иловагӣ ба мақомоти салоҳиятдор супурда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Лайлак ҳамсояи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *