Диловар Сафаров

Саволи муҳими Диловар ба сокинони шаҳр

Диловар Сафаров, масъули ютубканали “DFilm.tj” аз сокинони шаҳри Душанбе бо саволи маъмулии “Агар ба шумо як миллион сомонӣ диҳанд, вале бар ивазаш ҷонатонро хоҳанд, розӣ мешавед?” муроҷиат намуда, посухҳои гуногун гирифтааст.

Респандентон одамони гуногунанд. Ҷавонон, пирон, занону мардони касбу кори гуногун бо шунидани қисми аввали савол шод шуда, бале мегӯянд, вале баробари шунидани он ки бар ивази пули калон бояд аз баҳри ҷонашон гузаранд, руҳафтода шуда, не мегӯянд.

Мақсади саволи мазкур — ин ба қадри зиндагӣ ва ҷон расидан аст. Яъне, донистан, ки ҳар нафар миллионер аст дар зиндагӣ, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ ва молу сарват мо аз баҳри ҷонамон намегузарем. Нек андешем, ба хулосае меоем, ки ҳар инсон неъматҳои зиёд дорад ва пеш аз ҳама мебояд ба қадри доштаҳоямон бирасем.

Мардуми пурсидашуда низ дар охири суханашон тасдиқ мекунанд, ки бояд ба қадри ҳаёт бирасанд ва итминон дорем, ки худашонро зиёдтар дӯст медоранду эҳтиёт мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *