Даргузашти боз як зоири тоҷик дар Арабистон

Шаҳрванди Тоҷикистон Абдулло Шарифов аз ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Макка ҷон дода, субҳи 19-уми июн дар ҳамонҷо дафн гардид. Дар ин бора расонаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои манобеъ, ин сокини Мастчоҳ шаш рӯз пеш барои ба ҷо овардани русуми ҳаҷ ба Арабистон рафта буд. Сабаби марги ӯро бемории дил гуфтаанд. Мақомот дар бораи даргузашти ин зоири тоҷик то ҳол расман хабар надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки сафари зоирони тоҷик барои адои оини ҳаҷи фарзӣ 10-уми июн оғоз шуда, то 20-уми июн давом мекунад. Солҳои гузашта низ ҳалокати зоирини тоҷик дар ин кишвар иттифоқ афтода, танҳо порсол 7 нафар дар роҳ даргузаштанд. Имсол Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷи акбар ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *