Дар Тоҷикистон 4 рӯз истироҳат эълон шуд

Шумораи рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи оянда маълум шуд. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 27-уми июн дар кишвар Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 28-ум бошад, Иди Қурбон таҷлил мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон пайиҳам чаҳор рӯз истироҳат мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, Рӯзи ваҳдати миллӣ 27-уми июн аст ва тибқи ҳисоботи пешакӣ Иди Қурбон ба 28 рост меояд.

Манбаъ инро инчунин шарҳ дод: “Тибқи Кодекси меҳнат, тартиби гузаронидани рӯзи истироҳатро ба дигар рӯзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Ҳамин тариқ, миёни рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ (шанбе ва якшанбе) ва рӯзҳои ид як рӯзи корӣ, яъне 26-уми июн аст, ки он ба шанбеи 24-уми июн кӯчонида мешавад. Онҳое, ки ҳафтаи кории 5-рӯза доранд, ба ҷойи душанбеи 26-уми июн шанбеи 24-уми ҳамин моҳ кор карда, рӯзҳои 25, 26, 27 ва 28-ум истироҳат хоҳанд кард».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *