Ҳакимзода дар рӯзи қабул дасти фитодае бигрифт

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба Абдулҳасан Саидов, ки фарзанди панҷсолааш ба бемории фалаҷ мубталост, арабочаи маъюбӣ тақдим кард.

Абдулҳасан Саидов, имрӯз, 24 октябр ба қабули раиси вилоят омада буд. Номбурда гуфтааст, шароити номуносиби иҷтимоияш имкон намедиҳад, ки барои духтараш Бибиҳанифа аробачаи маъюбӣ харидорӣ кунад. Аробачаи маъюбиро аз номи Қурбон Ҳакимзода роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ба падари Ҳанифа супоридааст.

“Дархости шаҳрванд дар зудтарин фурсат ҳалли мусбат пайдо кард. Абдулҳасан Саидов ба роҳбарияти вилоят барои ғамхорӣ ва расидагии фаврӣ ба арзаш изҳори миннатдории самимӣ намуд”,-иттилоъ дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилояти Хатлон.

— Ҳамакнун, ман метавонам Бибиҳанифаро бо аробачааш ба сайругашти шаҳр барорам, ӯро барои маҳогирӣ ба маркази саломатӣ барам, — қайд кардааст А. Саидов.

Носирҷон Маъмурзода иттилоъ дод, ки дар доираи қабули шаҳрвандон 15 нафар аз шаҳру навоҳии Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Қубодиён, Вахш, Ёвон ба раиси вилоят муроҷиат намудаанд. Масъалаҳо гуногун буда, барои баррасӣ ва ҳал ба мақомоти дахлдор дастуру супориш дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *