Ҳамкории ҳунармандони Панҷакент ва Самарқанду Фарғона

Ҳайати ҳунармандони шаҳри Панҷакент, ки ба он намояндагони  Шӯрои соҳибкорони шаҳр, ҳунармандони кулолгар ва адрасбоф шомил будаанд, бо таҷрибаи ҳунармандони ин риштаҳо дар вилоятҳои Самарқанд ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шинос шудаанд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, ба ҳайати ҳунармандони Панҷакент таҷрибаи кулолгарон ва дигар ҳунармандон дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ва ноҳияи Риштони вилояти Фарғона дар ташкили устохонаҳо, ба намоиш-фурӯш баровардани маҳсулоти ҳунармандон писанд омада, арзандаи омӯхтан ва татбиқ намудан дониста шудааст.

— Дар мулоқотҳо бо масъулони ассосиатсияҳои ҳунармандони ин вилояту шаҳрҳо намояндаи Консули байналмилалии ҳунармандӣ дар минтақаи Уқёнуси Ором ва Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо бо ҳунармандони шаҳри Панҷакент, ташкили марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла дар риштаи кулолгарӣ ва атласу адрасбофӣ, омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар гуфтушуниди судманд сурат гирифт,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *