Ҷастин хоҳиши бо Ислом ба майдон баромадан дорад

Ҳоло варзишгарони радаи аввали ташкилоти UFC дар вазни сабук Ислом Махачев, Ҷастин Геҷи ва Дастин Поре ҳарифи муайян надоранд.

То нимаи дуюми моҳи апрел гуфта мешуд, ки Ҷастин Геҷи бо Дастин Поре ба майдон мебарояду ғолиби набарди Чарлз Оливейра ва Биниил Дарюш рақиби навбатии Ислом Махачев мешавад, вале муҳорибаи Дарюш ва Оливейра мавқуф гузошта шуд ва ҳоло номаълум аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷастин Геҷи дар як суҳбати ихтисосӣ гуфтааст, ки аз муҳориба бо Дастин Поре дида, бо Ислом Махачев ба майдон барояд, хуб аст ва ин хоҳишро чанд вақт боз дорад.

То ҳол маълум нест, ки Дастин Поре ва Ислом Махачев ба ин сухани Ҷастин чӣ назар доранд, вале бо фикри ғолиб ин ҷанг ташкил намешавад, зеро дар рейтинг аз Ҷастин дида рақибҳои сазовортар ҳастанд барои чемпиони кунунии UFC дар вазни сабук Ислом Махачев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *