Суғд: КҲФ омодагиҳо ба мавсими оббозиро санҷид

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади фаъол гардонидани системаи хабардоркунӣ ва корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои оби қаламрави вилояти Суғд як сислсила корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, корҳои таблиғотӣ минтақаҳои тафреҳии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расуловро фаро гирифтаанд.

Ҳамчунин, дар мавриди омодагии тафреҳгоҳҳои вилоят ба мавсими оббозӣ ва фасли гарми тобистон санҷишҳо гузаронида шудаанд.

— Ин гуна дидору мулоқотҳо барои он гузаронида мешаванд, ки омодагии шахсони масъул ба мавсими оббозиву шиноварӣ санҷида шавад, камбудиҳои ошкоршуда сари вақт бартараф карда шаванд. Диққати бештар дар чунин чорабиниҳо ба масъалаи расонидаи ёриҳои аввалини тиббӣ ба ғарқшудагон равона карда мешавад. Кормандони Раёсат миёни сокинони вилоят ва масъулини тафреҳгоҳҳо дар бораи фоҷеаҳое сухан ронданд, ки рӯй додани онҳо эҳтимол дорад. Ва ҳамзамон дар бораи тадбирҳои пешгирӣ аз ин гуна рӯйдодҳо ҳарф заданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *