Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия дар ДБССТ

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар ин конфронс мутахассисони соҳа аз Вазорати молияи  Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ, омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои молия, кори бонкӣ ва андозбандии донишгоҳ иштирок карданд.

Дар конфронси байналмилалӣ муовини ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  оид ба илм ва инноватсия Исломбек Зоирзода иброз намуд, ки такмили фаъолияти молиявӣ-қарзӣ ва низоми андозбандӣ яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат мебошад.

Таъкид шуд, ки ҷаҳони муосир аз давлатҳои дар ҳолати гузариш қарордошта сатҳи баланди рушди иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявӣ талаб менамояд.

Дар конфронси байналмилалӣ кормандони масъули Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону  устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва», Донишгоҳи давлатии Лонг Бичи Калифорнияи Амрико ва дигарон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни рушди низоми молия ва низоми андозбандӣ  ибрози назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2011 инҷониб ҳамасола 7 декабр дар  Тоҷикистон Рӯзи кормандони  молия қайд карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *