Об

 Ҳамоиши  илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар ДБССТ

«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили вобаста ба об дар минтақа  ва ҷаҳон»- таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид

Ин ҳамоиш дар ҳошияи конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бахшида шуда буд.

Дар ҳамоиш дар радифи олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин намояндагону коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Шоҳигарии Нидерланд, Ҳиндустон ва Малайзия иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши  байналмилалӣ роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар ин самт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуда, ҳоло Тоҷикистон аз ҷониби ҷаҳониён ҳамчун ташаббускори обу иқлим шинохта шудааст.

Возможно, это изображение 3 человека, люди стоят и экран
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди стоят и в помещении

Бояд тазаккур дод, ки 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 якдилона ва бо ҷонибдории 190 давлати аъзои созмон қабул намуд. Вобаста ба иҷрои чорабиниҳои дар доираи қатънома қабулшуда аз 22 то 24 марти соли 2023 Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр кори конфронси мазкурро раисӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *