Ҳоҷӣ Мирзо

Иҷобати дуои рӯзадор. Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо

Шунидам, ки дар моҳи Рамазон Худованд тамоми дуоҳоро мустаҷоб мегардонидааст. Шунидаам то куҷо ҳақиқат дорад?

СУҲРОБ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Посух:

— Дуои одами рӯзадор мустаҷоб мешавад. Дар китоби «Нурул воъизин» омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (а) бо Худованд роз мегуфт ва дар муноҷоташ пурсид: «Илоҳӣ, Ту маро бо такаллум кардан бо худат иззат додӣ. Оё чунин иззатро ба дигарон ҳам додаӣ?». Худованд ба Мӯсо (а) ваҳй кард: “Ё Мӯсо (а), бидон, ки дар охирузамон ман бандагони рӯзадорамро дар моҳи Рамазон иззати зиёд мекунам. Вақте бо ту сухан мегӯям, миёни мо ҳафтод ҳазор парда аст. Вақте умматони Муҳаммад (с) рӯза мегиранд (аз гуруснагиву ташнагӣ) лабҳояшон хушк ва рангҳояшон зард мешавад, ман ҳиҷоб (парда)-ҳои худро дар вақти ифтор боло мекунам”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *